Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси идомаи ҳузури НАТО дар Афғонистон


Ҷенс Столтенберг
Ҷенс Столтенберг

Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои НАТО нақши ояндаи нируҳои ин паймон дар Афғонистонро дар мулоқоти худ дар Бруссел баррасӣ мекунанд.

Ба сабаби бадтар шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон беш аз пеш даъватҳое садо медиҳанд, ки хуруҷи нируҳои паймони мазкур аз ин кишвар боздошта шавад.

Нируҳои Афғонистон ба таври расмӣ масъулияти амниятро аз 1 январ бар душ гирифтанд ва бо густариши фаъолиятҳои Толибон ва нируҳои дигари тундрав рӯ ба рӯ шуданд. Толибон моҳи сентябр дар шимоли Афғонистон шаҳри Қундузро ба тасарруфи худ дароварданд.

Моҳи октябр Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки кишвараш ҳузури низомии худро барои соли оянда тамдид хоҳад кард ва хуруҷи барномарезишудаи аксари нируҳояшро бозмедорад.

Паймони НАТО мехоҳад барои соли оянда низ ҳамин миқдор низомиёни худ, яъне ҳудуди 12 ҳазор низомиашро дар Афғонистон нигоҳ дорад. Дар ин бора Ҷенс Столтенберг-Дабири Кулли паймони НАТО 30 ноябр изҳори ақида кард.

XS
SM
MD
LG