Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти қарибулвуқӯъ байни Душанбе ва Тошканд


Интизор меравад, ки Тоҷикистону Узбакистон рӯзҳои 17-18 декабр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии дуҷониба баргузор кунанд.

Бино ба гузориши хабаргузории Азия-Плюс, раҳбарии ҳайатҳои ду ҷонибро муовинони вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Узбакистон бар уҳда хоҳанд дошт. Ҳайатҳо дурнамои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин мулоқот бештар ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии миёни Тошканду Душанбе ва бахши нақлиёт таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов-раисони ҷумҳури Тоҷикистону Узбакистон 10 сентябри соли 2014 дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой мулоқот ва хостори густариши ҳамкориҳо шуда буданд.

Баъд аз ин мулоқот Тоҷикистон баъзе пешниҳодҳои худро дар бораи ҳамкориҳо ба Узбакистон фиристод. Аз сар гирифтани парвозҳои миёни шаҳрҳои ду кишвар ва рафту омади мунтазами автобусҳо аз ҷумлаи ин пешниҳодҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG