Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия - дар пайи таъсиси пойгоҳи дуюм дар Сурия?


Бино ба иттилои рӯзномаи кувайтии Al-Rai, Русия барои ирсоли неруҳояш ба пойгоҳи дуюми худ дар Сурия омодагӣ мегирад.

Гурӯҳи неруҳои низомии кайҳонӣ ва воҳидҳои таъмини амнияти онҳо дар фурудгоҳи низомии Шайрат, дар 35 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Ҳомс ҷойгир хоҳанд шуд. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии РБК-и Русия, дар назар аст, шумори ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар дар Сурия то 100 адад афзоиш ёбад.

Элияҳу Магниер, хабарнигори вижаи рӯзнома дар масоили амниятӣ ба истинод ба манобеъи ситоди муштараки Русия-Сурия-Ироқ-Эрон хабар додааст, ки дар пойгоҳи Шайрат 45 сохтмони мустаҳкам мавҷуд аст, ки ҳавопаймоҳоро аз тирандозиҳо ҳифозат мекунанд.

Ба эътиқоди манобеъи нашрия, истифода аз пойгоҳи Шайрат имкон медиҳад, ки шумори ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар гурӯҳи ҷангии Русия дар Сурия то 100 адад афзоиш ёбад.

Як манбаъ аз сохторҳои низомии Русия ба хабарнигори Лента.ру гуфтааст, ки пойгоҳи Шайрат барои роҳандозии амалиёт дар ҷанубу шарқи Сруия лозим аст.

XS
SM
MD
LG