Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бишкеки Қирғизистон даври нӯҳӯми конфронсе роҷеъ ба барномаҳои ҳамкории марзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ аз афзоиши ҳамлу нақли маводи мухаддир баргузор шуд.

Ин барномаро Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорӣ мекунад. Дар ин конфронс роҳҳои таҳкими марзҳо, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳкими робита байни ниҳодҳои зидахли кишварҳои минтақа ва таҳияи барномаҳои ҳамояангшуда барои фаъолияти оянда баррасӣ шуд.

Чезаре де Монтис-раҳбари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Қирғизистон зимни суханони худ дар ин конфронс гуфт, ки чунин ҳамкориҳо назорат бар марзҳои 5 кишвари минтақа, равандҳои муҳоҷират ва муолиҷаи муътодони маводи мухадирро беҳтар хоҳад кард.

Дар кори конфронс намояндагони марзбонӣ, гумрук, хадамоти муҳоҷират, хадамоти давлатии назорат бар маводи мухаддир, вазоратҳои тандурустӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмиллалӣ, сафоратхонаҳо ва коршиносони мустақил ширкат доштанд.

Аз соли 2003 то соли 2014 барои иҷрои ин барномаҳо Иттиҳодияи Аврупо 33,6 миллион евро ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG