Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон 2 гумонбари ДИ-ро озод кард


Додгоҳи вилояти Сурхандарёи Ӯзбакистон ду шаҳрванди ин кишвар Юсуф Эсонтурдиев ва Абдураҳмон Эшқобиловро, ки қасди сафар ба яке аз урдугоҳҳои созмони террористии «Давлати исломӣ»-ро доштанд, аз ҷавобгарӣ озод кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои мақомот, сар аз моҳи январ Эсонтурдиев ва Эшқобилов тариқи интернет бо яке аз ҳамватанони собиқи худ, ки дар сафҳои ДИ қарор дорад, робита доштаанд. Ҷангҷӯи ДИ ба ин ду шаҳрванди Ӯзбакистон роҳи расидан ба «Давлати исломӣ»-ро ба воситаи Қирғизистон ва Туркия нишон додааст. Аммо ин ду нафар ҳангоми сафар аз дохили автобус боздошт шуданд.

Бо назардошти пушаймонии содиқона, вазъи хонаводагӣ, замонати маҳалли истиқомати судшавандаҳо, додгоҳ Эсонтурдиев ва Эшқобиловро аз ҷавобгарӣ озод кард.

Ин нахустин ҳукми , ба истилоҳ "сафед"-и додгоҳи Ӯзбакистон нисбати парвандаҳои марбут ба «Давлати исломӣ» аст

XS
SM
MD
LG