Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Задухӯрд"-и ғоибонаи Путин ва Эрдуғон


Эрдуғон иддаои Путинро, ки Туркия аз гурӯҳи террористии «ДИ» нафт харидорӣ мекунад, рад карда, онро «нопазируфтанӣ ва беахлоқона» номид. Эрдуғон тақозо кард, ки далели чунин иттиҳомро нишон диҳанд.

Зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ дар Порис раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки сарнагунии ҳавопаймои низомии русии Су-24 мустақиман ба воридоти нафт аз сӯйи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба Туркия вобаста аст.

Зимни шарҳи гуфтаҳои Путин президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон изҳор дошт, ки агар иддаои харидории нафти «Давлати исломӣ» аз сӯйи Туркия тасдиқ шавад, ӯ омодаст ба истеъфо равад.

Путин ҳамчунин аз бад шудани равобит бо Туркия изҳори таассуф кард. Эрдуғон гуфт, ҳукуматаш зимни посух ба таҳримҳои Русия ба «эҳсосот» дода намешавад.

Вай гуфт: «Ҳатто агар як порчаи риштаи иртиботӣ боқӣ монад ҳам, мо хостори қатъи тамоми равобит нестем».

Ҳамзамон Туркия такрор кард, ки барои ҳавопаймои сарнагункардааш узр нахоҳад пурсид, зеро ин ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон карда буд. Москва иддао дорад, ки ҳавопаймо дар ҳарими ҳавоии Сурия -- кишваре буд, ки Русия дар он барои пуштибонӣ аз раиси ҷумҳур Башор Асад амалиёти ҳавоӣ анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG