Пайвандҳои дастрасӣ

4 тоҷик бо шино хостанд вориди Лаҳистон шаванд


Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон қасд доштанд дарёи Буги Ғарбиро убур карда, бо давр задани нуктаи назорати сарҳадӣ, ғайри қонунӣ вориди Лаҳистон шаванд, хабар медиҳад маркази матбуоти гуруҳи марзбонии Брести Белоруссия.

Марзшиканон ду тоҷикдухтар ва ду тоҷикписари аз 18 то 25-сола будаанд. Ин ҷавонон қасд доштан бо фаро расидани торикӣ дарёро убур кунанд. Онҳо ҳамроҳи худ сару либоси изофӣ ва $400 доштанд. Ин ҷавонон гуфтаанд, қасди сафар ба яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро доштанд, ки пайвандонашон онҷо ба сар мебаранд. Вале бо ин ҳол, ҷавонон талош накардаанд, ки сарҳадро қонунӣ убур намоянд.

Як рӯз қабл аз ин ҳодиса, шаҳрванди 42-солаи Ӯзбекистон дар ҳамин гуна ҳолат боздошт шуд. Ин шаҳрванди Ӯзбекистон бо баҳонаи қисман дасткорӣ шудани шиносномааш аз назоратгоҳи сарҳадӣ нагузаштааст. Ба боздоштшудаҳо ҷазои маъмурӣ дар шакли то 5 соли ихроҷ аз Белорус таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG