Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунӣ аз марз


Марзбонони тоҷик аз кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони афғон дар минтақаи марзии “Панҷ”-и марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати неруҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон, гурӯҳи қочоқчиёни афғон бо роҳбарии Малук валади Мулло Анвар дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда вадар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста бо истифода аз торикии шаб тариқи қамишзор ба самти Афғонистон фирор намуданд.

Ҷаноби Улуғзода афзуд, ҳангоми азназаргузаронии маҳали задухурди мусаллаҳона, аз ҷои ҳодиса 20 килиграмм афъюн, 6 килограмм ҳашиш ва 1 адад яроқи оташфишони Автомат Калашников дарёфт ва мусодира карда шуд.

XS
SM
MD
LG