Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи аҳолии Тоҷикистон афзоиш меёбад


Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар гуфт, ки шумораи тоҷикистониҳо дар соли 2016 ба беш аз 8 миллиону 600 ҳазор нафар мерасад. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон 1 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки бар асоси дурнамо шумораи аҳолии кишвар дар соли оянда ҳудуди 200 ҳазор нафар бештар хоҳад шуд. Миёнаҳои соли ҷорӣ Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфта буд, шумораи аҳолии кишвар ба 8 миллиону 439 ҳазору 700 нафар расидааст. Қарор аст, дар соли 2020 шумориши саросарии аҳолии Тоҷикистон анҷом шавад. Шумориши саросарии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар соли 2011 анҷом шуда буд, ки бар асоси натиҷаҳои он ҷамъияти Тоҷикистон беш аз 6 миллион нафарро ташкил дода буд.

XS
SM
MD
LG