Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Душанбе дар қатори беҳтаринҳо


​Федератсияи футболи Душанбе дар Монако дувум шуд.

Дар ҳамоиши Ташкилоти байналмилалии «Peace and Sport» (“Сулҳ ва варзиш”), ки рӯзҳои 25-27 ноябр дар Монако баргузор шуд, Тоҷикистонро Федератсияи футболи Душанбе намояндагӣ кард.

Чунонки аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 1 декабр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ҳаштумин ҳамоиши байналмилалии варзиш ва сулҳ намояндагони ҷомеаи байналмилалӣ, минҷумла сиёсатмадорон, намояндагони федератсияҳои мухталиф, созмонҳои ғайридавлатӣ ва варзишгарони маъруфро дар якҷо ба ҳам овард. Ҳадафи аслии ҳамоиш муттаҳид сохтани кӯшишҳо баҳри ноил шудан ба сулҳ тавассути варзиш дар шароити бесуботи сиёсӣ мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш маросими анъанавии тақдими ҷоизаҳо (Peace and sport Awards) доир гардид. Дар маросим ҳамагӣ аз рӯи ҳашт номинатсия, аз ҷумла «Федератсияи сол» (Federation of the year), ғолибон муайян шуданд. Бар асоси раъйи махфӣ, Федератсияи футболи Душанбе, ки ба он Дилшод Ҷӯраев, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, раҳбарӣ мекунад, мақоми дувумро касб намуд. Аз рӯи ин номинатсия Федератсияи волейболи Фиҷӣ ғолиб шуд.

XS
SM
MD
LG