Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон: Тоҷикистон таъсири тағйири иқлимро эҳсос кардааст


Эмомалӣ Раҳмон дар конфаронси муҳитизистии Порис бештар аз таъсири тағйири иқлим ба муҳити зист, иқтисод ва рӯзгори мардуми Тоҷикистон сӯҳбат кард.

Сарвари Тоҷикистон дар суханронӣ дар конфаронси муҳитизистии Порис шоми 30 ноябр ба он нукта таъкид кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. "Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст", изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ афзуд, ки ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст.

Ба гуфтаи сарвари Тоҷикистон, ин падида ҳар сол боиси хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. "Танҳо тобистони соли равон бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарари моддӣ расидааст". Мутаассифона, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардиданд, изҳор намуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, ки сарвари давлат баъд аз суханронӣ чанд мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад ва дар долонҳои конфаронс бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд мулоқоти кӯтоҳ кунад. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, қарор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 декабр ба Брюссел равад ва бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо чанд мулоқот анҷом диҳад.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Майкл Боррел

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Майкл Боррел

Қабл аз нишасти СММ оид ба тағйирёбии иқлим Эмомалӣ Раҳмон дар Порис бо Майкл Боррел, муовини аввали раиси ширкати Тотал мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат, аз ҷумла,ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд.

Конфаронси муҳитизисти Созмони Милал мавсум ба СОР21-ро мизбон - раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ифтитоҳ кард ва аз сарони кишварҳои олам хост, ки созиши нав оид ба гармшавии сайёраро қабул кунанд.

Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар суханронӣ дар нишасти Порис гуфт, ИМА чун бузургтарин иқтисоди дунё ва дуввумин кишвари тавлидкунандаи газҳои саноатӣ на фақат масъулияти худ дар эҷоди газҳои гулхонаиро эътироф мекунад, балки як бахши масъулият барои ҳалли ин мушкилро бар дӯш мегирад. Сарвари Амрико афзуд, Вошингтон омода аст ба кишварҳои аз тайғири иқлим осебпазир кӯмаки нави молиявӣ пешниҳод кунад.

Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Порис таъкид кард, агар кишварҳои олам намехоҳанд, ки ҳавои сайёра беш аз 2 дараҷаи Селсия гармтар шавад, бояд фаъолтар бошанд ва аз амалҳои сареътар кор бигиранд.

Қарор аст дар конфаронси Порис созиши нави бисёрҷониба дар бораи маҳдудсозии партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо дар давраи баъд аз соли 2020 пазируфта шавад. Созиши нав бояд ҷойгузини протоколи Киото шавад, ки соли 1997 имзо шуда буд ва ба гуфтаи мутахассисон, аҳамияташ кам шудааст.

Як сол пеш дар шаҳри Лима, пойтахти Перу, дар конфаронси муҳитизистии СММ бо ҳузури ҳайатҳои 196 кишвар матни созиши нав пазируфта шуд, ки қарор аст он асоси созиши Порис шавад.

Ба гуфтаи коршиносон, дар конфаронси Порис президентҳои ИМА, Чин, Русия ва нахуствазири Ҳиндустон ширкат доранд ва ин хушбинӣ ба имзои созиши навро бештар мекунад.

Нишасти муҳитизистии СММ дар Порис каме бештар аз ду ҳафта баъд аз ҳамлаҳои террористӣ дар ин шаҳр шуданд, ки дар онҳо 130 нафар ҷон бохтанд. Ба ин хотир мақомоти Фаронса барои таъмини амнияти конфаронс аз чораҳои бесобиқа кор гирифтанд. Рӯзи якшанбе кормандони полис алайҳи афроде, ки дар майдони марказии Порис ҷамъ омада, аз ҳукуматҳо қабули чораҳои оҷил дар мубориза бо гармшавии иқлимро талаб мекарданд, аз гази ашковар истифода бурданд. Беш аз 200 нафар бо далели нақзи муқаррароти вазъи фавқулодда дар Порис боздошт шуданд.

Конфаронси СММ оид ба тағйири иқлим дар пойтахти Фаронса то 11 декабр идома хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG