Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон узви комилҳуқуқи СҶТ шуд


Шурӯъ аз 30 ноябр Қазоқистон 162-юмин узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат (CҶТ) шуд. Дар ин бора раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як паёми телевизионӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, узвияти Қазоқистонро дар ин ниҳод Маҷмааи умумии Созмони ҷаҳонии тиҷорат рӯзи душанбе эълон кард. Назарбоев вуруди кишвар ба ин созмонро “марҳалаи муҳим дар таърихи Қазоқистони мустақил” номид.

Қазоқистон барои вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат моҳи январи соли 1996 ариза навишта буд. Соли 2014 музокироти дуҷонибаи Остона ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат поён ёфт.

Ба иттилои расмӣ, мушкил дар вуруди Қазоқистон ба ин созмони байнулмилалӣ бо зарурати баргузории гуфтушунид оид ба нарху наво ва узвияти кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бастагӣ дошт.

Аз панҷ кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё сетояш – Русия, Арманистон ва Қирғизистон узви Созмони ҷаҳонии тиҷоратанд. Белорусия музокирот барои ворид шудан ба ин созмонҳо идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2012 узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст.

XS
SM
MD
LG