Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Песков: Путин бо Эрдуғон мулоқот намекунад


Путин дар Порис

Путин дар Порис

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар долонҳои нишасти муҳитизистии СММ дар Порис бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон мулоқот нахоҳад кард. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 30 ноябр ба хабарнигорон гуфт, ки мулоқот бо Эрдуғон тарҳрезӣ нашудааст ва он баргузор нахоҳад шуд. Ӯ тамоси телефонии Путин ва Эрдуғонро ҳам аз эҳтимол дур хонд.

Песков изҳор намуд, ки шояд дар долонҳои конфаронси Порис Путин ва Обама бо ҳам сӯҳбат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия, рӯзи душанбе изҳор намуд, ки Анкара барои сарнагун кардани ҳавопаймои ҷангии СУ-24 маъзарат нахоҳад хост. Қабл аз мулоқот бо Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар Брюссел ӯ бори таъкид кард, ки Туркия ҳаққи дифоъ аз ҳарими ҳавоии худро дорад. Ба гуфтаи Довудоғлу, то он замоне, ки Русия ва Эътилофи таҳти фармони ИМА алоҳида-алоҳида бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд, хатари вуқӯи ин гуна низоъҳо боқӣ мемонад.

Столтенберг ба хабарнигорон гуфт, ки вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО рӯзҳои 1 ва 2 декабр дар Брюссел вазъи баъд аз сарнагунии СУ-24 ба вуқӯъпайваста ва роҳҳои ҷилаггирӣ аз ин гуна низоъҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки ҳавопаймои СУ-24 рӯзи 24 ноябр ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва баъди сарфи назар кардани ҳушдорҳо ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт. Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгин аст ва аммо узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд. Русия мегӯяд, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва вориди ҳарими ҳавоии Туркия нашуда буд.

XS
SM
MD
LG