Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Қазоқистон ба ислоҳот ниёз дорад


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки замони нархҳои баланди маҳсулоти содиротии Қазоқистон гузаштааст ва кишвар бояд "ба ҳамёнаш нигоҳ карда" зиндагӣ кунад. Ӯ зикр кард, ки дар соли ҷорӣ Қазоқистон бояд барномаи фаъолияти худро дар шароити "воқеияти нави ҷаҳонӣ" муаррифӣ кунад.

Назарбоев дар паёми солонаи худ зикр кард, ки харҷҳо бояд камтар ва имкони афзоиши воридот ба буҷа, ки "дар як соли ахир 20 дарсад коҳиш ёфтааст", баррасӣ шавад. Ба эътиқоди Назарбоев, ҳоло ҳукумат бояд сиёсати андозбандиро шаффофтар ва барномаи нави хусусигардониро таҳия намояд. Раҳбари Қазоқистон ҳамчунин таъкид кард, ки Бонки миллӣ бояд барои эҳёи боварӣ ба танга талош кунад.

Назарбоев изҳор дошт, ки ҳоло ба Қазоқистон рушд, ислоҳот ва пешрафт заруранд. Ба эътиқоди Назарбоев, ислоҳоте, ки ҳоло бояд анҷом дода шаванд, ба гунаи ислоҳоте хоҳанд буд, ки даҳаи 1990 сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG