Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кормандони КДАМ ва ВКД-и Қирғизистон ду ҳамдасти омилони ҳамла ба диншинос Қодир Маликовро дар Бишкек боздошт карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар рӯзи 30 ноябр хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, кормандони КДАМ ва ВКД муайян кардаанд, ки дар ҳамла ба Маликов ҷонибдорони гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” даст доранд. Ба гуфтаи онҳо, ин сӯиқасдро Тилек уулу Алибек, соли таваллудаш 1987 ва Ирискул Бейшеналиев, соли таваллудаш 1986, ташкил кардаанд.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, афроди номбаршуда шаби 27 ноябри имсол баъд аз анҷоми сӯиқасд фавран ба Қазоқистон рафта, аз он ҷо ба Туркия парвоз кардаанд.

Барои боздошти аъзои гуруҳи ҷиноӣ ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шудааст.

29 ноябри соли 2015 манзили шаҳрвандон Б. Р. Н. ва Ш. А. А – ду ҳамдасти омилони ҳамла ба Қодир Маликов дар Бишкек кофтуков шуда, аз онҳо як қатор адабиёти ифротгароёна, силоҳи сард ва лавозимоти ҷангӣ кашф гаштааст.

XS
SM
MD
LG