Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар СОР21 суханронӣ мекунад


Мулоқоти Э.Раҳмон бо Майкл Боррел, муовини аввали раиси ширкати Тотал дар Порис
Мулоқоти Э.Раҳмон бо Майкл Боррел, муовини аввали раиси ширкати Тотал дар Порис

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 ноябр дар конфаронси муҳити зистии Порис суханронӣ мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса хабар дод. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, қарор аст, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад ва дар долонҳои конфаронс бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ҳам сӯҳбати кӯтоҳ хоҳад дошт.

Сарвари Тоҷикистон рӯзи 1 декабр ба Брюссел меравад ва бо роҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мулоқотҳо анҷом медиҳад.

Сарони тақрибан 150 кишвари олам барои ширкат дар музокироти ниҳоӣ оид ба таҳияи имзои созишномаи дарозмуддат дар мавриди тағйири иқлими сайёра дар Порис, пойтахти Фаронса ҷамъ омаданд. Конфаронси муҳитизистии таҳти сарпарастии СММ (COP21) рӯзи 30 ноябр шурӯъ шуд ва то 11 декабр идома хоҳад кард.

Қарор аст дар конфаронси Порис созиши нави бисёрҷониба дар давраи баъд аз соли 2020 дар бораи маҳдудсозии партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо, сабабгори асосии гармшавии иқлими сайёра, пазируфта шавад. Созиши нав бояд ҷойгузини протоколи Киото шавад, ки соли 1997 имзо шуда буд ва ба гуфтаи мутахассисон, аҳамияташ кам шудааст.
Дар конфаронси Порис президентҳои ИМА, Чин, Русия ва нахуствазири Ҳиндустон ширкат доранд ва ин хушбинӣ ба имзои созиши навро бештар мекунад.

Ёдовар мешавем, як сол пеш дар шаҳри Лима, пойтахти Перу, дар конфаронси муҳитизистии СММ бо ҳузури ҳайатҳои 196 кишвар матни созиши нав пазируфта шуд, ки қарор аст бояд асоси созиши Порис шавад.

Мақомоти Фаронса баъд аз ҳамлаҳои террористии шоми 13 ноябр ба хотири таъмини амнияти нишаст аз чораҳои бесобиқаи амниятӣ кор гирифтаанд. Рӯзи якшанбе кормандони полис алайҳи афроде дар майдони марказии Порис ҷамъ омада, аз ҳукуматҳо қабули чораҳои оҷил дар мубориза бо гармшавии иқлимро талаб мекарданд, аз гази ашковар истифода бурданд. Беш аз 200 нафар бо далели нақзи муқаррароти вазъи фавқулодда дар Порис боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG