Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Порис нишасти муҳитзистӣ шурӯъ мешавад


Вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус, вазири муҳитизисти Фаронса Сеголина Роял, Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд қабл аз нишасти муҳитизистии Порис

Вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус, вазири муҳитизисти Фаронса Сеголина Роял, Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд қабл аз нишасти муҳитизистии Порис

Сарони тақрибан 150 кишвари олам ба хотири ширкат дар музокироти ниҳоӣ оид ба таҳияи имзои созишномаи дарозмуддат дар мавриди тағйири иқлими сайёра дар Порис, пойтахти Фаронса ҷамъ омаданд. Конфаронси муҳитизистии таҳти сарпарастии СММ 30 ноябр ифтитоҳ мешавад ва то 11 декабр идома мекунад.

Мақомоти Фаронса баъд аз ҳамлаҳои террористии шоми 13 ноябр ба хотири таъмини амнияти нишаст аз чораҳои бесобиқаи амниятӣ кор гирифтаанд. Рӯзи якшанбе кормандони полис алайҳи афроде дар майдони марказии Порис ҷамъ омада, аз ҳукуматҳо қабули чораҳои оҷил дар мубориза бо гармшавии иқлимро талаб мекарданд, аз гази ашковар истифода бурданд. Беш аз 200 нафар бо далели нақзи муқаррароти вазъи фавқулодда дар Порис боздошт шуданд.

Қарор аст дар конфаронси Порис созиши нави бисёрҷониба дар давраи баъд аз соли 2020 дар бораи маҳдудсозии партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо, сабабгори асосии гармшавии иқлими сайёра, пазируфта шавад.

Созиши нав бояд ҷойгузини протоколи Киото шавад, ки соли 1997 имзо шуда буд ва ба гуфтаи мутахассисон, аҳамияташ кам шудааст.

Дар конфаронси Порис президентҳои ИМА, Чин, Русия ва нахуствазири Ҳиндустон ширкат доранд ва ин хушбинӣ ба имзои созиши навро бештар мекунад.

Ёдовар мешавем, як сол пеш дар шаҳри Лима, пойтахти Перу, дар конфаронси муҳитизистии СММ бо ҳузури ҳайатҳои 196 кишвар матни созиши нав пазируфта шуд, ки қарор аст бояд асоси созиши Порис шавад.

Дар нишасти Порис раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат дорад.

XS
SM
MD
LG