Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Кобул Амонулло Атоӣ, раиси шабакаи хусусии телевизиони “Asia Television”. дар наздики дафтари кориаш дар маҳаллаи Корти Нав ба зарби тир кушта шудааст.

Фаридун Убайдӣ, раиси Идораи таҳқиқоти ҷиноии шаҳри Кобул, рӯзи 30 ноябр хабар дод, ки ду фарди мусаллаҳи гумонбар дар қатли Атоӣ дастгир шуданд. Ӯ афзуд, ки боздоштшудаҳо аз пайвандони Амонулло Атоӣ буда ва аммо далели сӯиқасд ба ҷони Атоӣ ҳанӯз рӯшан нашудааст.

Ин дуввумин ҳамлаи мусаллаҳона ба намояндагони васоити ахбори умум дар Кобул дар ду ҳафтаи ахир аст. Ҳафтаи гузашта Аҳмад Сайидӣ, таҳлилгари сиёсӣ, дар минтақаи Шаҳри Нав мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум қарор гирифт. Дар натиҷа ӯ ҷиддан захмӣ шуда, ба бемористони Кобул интиқол ёфт.

XS
SM
MD
LG