Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Осиё дар Деҳлӣ эълон шуданд


​29 ноябр дар Деҳлӣ маросими тақдими ҷоизаҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба беҳтаринҳои соли 2015 баргузор шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар маросими ботантанаи «AFC Annual Awards”, ки рӯзи якшанбеи 29 ноябр дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ – доир шуд, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2015-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.

Аз он ҷумла, Аҳмад Халил, бозигари мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб, соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин бозигари Осиё” байни мардон гардид. Мунтахаби Австралия, рақиби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи январ барандаи Ҷоми Осиё-2015 гардидааст, беҳтарин мунтахаби сол байни тимҳои мардона эълон шуд. Дар байни тимҳои занона мунтахаби Ҷопон ғолиб омад. Ба Анж Постекоглу (Австралия) ҷоизаи беҳтарин мураббии дастаи мардона ва ба Асако Такакура (Ҷопон) ҷоизаи беҳтарин мураббии тими занона супурда шуд.

Дар рӯйхати довталабон барои дарёфти ҷоизаҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба номинатсияи “Созмони футболи миллии дар ҳоли рушди сол” (AFC Member Association of the Year – Developing category) шомил буд. Ба ҷуз ФФТ барои ин ҷоиза ҳамчунин федератсияҳои футболи Ҳонконг ва Ветнам довталаб буданд. Дар натиҷа ин ҷоиза насиби Ассотсиатсияи футболи Ҳонконг гардид.

Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Хуршед Мирзоев, муовини раис ва ҳамзамон дабири кулли ФФТ, намояндагӣ кард.

XS
SM
MD
LG