Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исаев: Муҳоҷирони тоҷик ҷойи туркҳоро пур хоҳанд кард


Муҳоҷирони кории тоҷик зимни сафар ба Русия

Муҳоҷирони кории тоҷик зимни сафар ба Русия

Як масъули Думаи давлатии Русия гуфтааст, ҷойи коргарони туркро, ки қарор аст, аз Русия ихроҷ бишаванд, муҳоҷирон аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон хоҳанд гирифт.

Андрей Исаев, муовини раиси Кумитаи кори Думаи давлатии Русия гуфтааст, ҷойи коргарони туркро, ки қарор аст аз Русия ихроҷ шаванд, муҳоҷирон аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пур хоҳанд кард. Исоев гуфтааст, бинобар ин, хуруҷи коргарони турк аз бозори кори Русия ба иқтисоди ин кишвар асаре нагузошта, аммо аз ин вазъият туркҳо ҷиддан осеб хоҳанд дид.

Ба қавли Андрей Исаев, теъдоди коргарони турк дар Русия ҳудуди 100 ҳазор нафар арзёбӣ шуда ва онҳо умдатан дар сохтмонҳо фаъолият доштаанд. "Муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар корҳои сохтмонӣ таҷрубаи ғанӣ андӯхтаанд, дар ин самт ҷалб хоҳанд шуд," -- афзудааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Толиб Шарифов, раиси Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хуруҷи коргарони турк аз бозори кории Русия ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар чандон таъсир нахоҳад дошт. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "ҳоло муҳоҷирони кории тоҷик бар асоси патент кор мекунанд ва бозори кории худро доранд."

Толиб Шарифов афзуд, ба далели бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва шадидан коҳиш ёфтани арзиши рубл, пули миллии ин кишвар дар баробари арзҳои хориҷӣ, теъдоди зиёди тоҷикон аз сафар ба Русия худдорӣ мекунанд. Бар асоси маълумоти идораи зери раҳбарии ӯ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 461 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дарсад камтар будааст.

Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия ё ФМС мегӯяд, шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар 971 ҳазору 800 нафаранд, ки 8,9 дарсади теъдоди умумии муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русияро ташкил медиҳад.

Аз сӯи дигар, масъулони Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон аз имкони болоравии арзиши патент барои кор дар Русия ибрози нигаронӣ карда ва гуфтанд, ки ин амр метавонад ба коҳиши бештари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сабаб шавад.

Зимнан, бино ба гузоришҳои расонаҳои Русия, мақомоти бисёре аз вилоятҳои Русия қасд доранд, аз 1 январ нархи патентро барои муҳоҷирони хориҷӣ баланд бардоранд.

Аз ҷумла, Маҷлиси қонунгузории вилояти Новосибирск ахиран қарор кард, ки арзиши патентро аз 1 январ дар ҳудуди ин вилоят якбора 3 маротиба боло барад. Феълан патенти якмоҳаи кор барои муҳоҷирони хориҷӣ дар ин вилоят 1538 рублу 40 тинро ташкил медиҳад, вале он аз соли нав то 4500 рубл хоҳад афзуд. Ҳукумати Новосибирск мехоҳад аз ин роҳ дар соли оянда ба буҷааш 814 миллион рубл даромади бештар ворид кунад.

Дар ҳоли ҳозир арзиши патент дар Маскав 4000 рублро ташкил медиҳад. Бино ба омори расмӣ, имсол ба буҷаи пойтахти Русия аз ҳисоби фурӯши патенти ба муҳоҷирони хориҷӣ 3,5 миллиард рубл пул ворид шудааст. 1 миллиарди он, бино ба гузориши хабаргузории “Россия сегодня”, аз ҳисоби патенти муҳоҷирони тоҷик ба даст омадааст.

Дар солҳои қаблӣ, ҳамасола без аз 1 миллион тан аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти кор озими Русия шуда ва ба ватан маблағи ҳангуфте интиқол медоданд. Масалан, дар соли 2013 аз муҳоҷирони корӣ дар Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 4 миллиард доллар ворид шуда буд, ки 46 дарсади Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG