Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия 18 нафар кушта шудаанд


Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия 18 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора хабаргузориҳо гузориш додаанд.

Бино ба хабари нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон, дар ин ҳамлаҳо нируҳои ҳавоии Русия субҳи 29 ноябр минтақаи Ариҳаро ҳадаф қарор додаанд.

Мушакҳои русӣ ба бозори пуродами шаҳрак афтодааст-ба бозоре, ки дар дасти шӯришёни зидди режими Башор Асад қарор дорад. Дар бораи шумораи кушташудагон маълумоти зиддунақиз нашр шудааст.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия шумораи кушташудагонро 18 нафар мегӯяд, вале торнамои Ariha Today шумораи кушташудагонро 40 нафар ва афроди маҷруҳро 70 нафар эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG