Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ҷасади халабонро ба Русия бармегардонад


Аҳмад Довутоғлу ва Владимир Путин

Аҳмад Довутоғлу ва Владимир Путин

Анкара ба нақша гирифтааст, ки ҷасади халабони ҳавопаймои низомии Русияро, ки ҳафтаи гузашта нируҳои Туркия зада буданд, ба Маскав баргардонад.

Аҳмад Довутоғлу-нахуствазири Туркия гуфт, ки ҷасади халабон бо “ташаббуси Туркия” субҳи 29 ноябр ба вилояти марзии Ҳатай оварда шудааст ва ба Русия фиристода мешавад. Вай гуфт, калисои Ортодокси Ҳатай маросими мазҳабиро барои ин халабон ба ҷо овардааст.

Туркия 24 ноябр ҳавопаймои низомии Русияро сарнагун сохта буд. Ин ҳавопаймо ба ҳушдорҳои такрории нируҳои Туркия гӯш надод ва ба ҳарими ҳавоии Туркия ворид шуд.

Ду халабони ҳавопаймо бо чатр аз ҳавопаймо париданд, вале дар ҳаво онҳоро шӯришиёни Сурия ҳадафи тир қарор доданд. Яке аз онҳо бо номи Олег Пешков кушта шуд.

Ин рафтори Туркия ғазаби Маскавро барангехт. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия 28 ноябр фаронеро имзо ва бар зидди Туркия баъзе таҳримҳо ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG