Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон дар Порис дар ҳамоиши иқлим ширкат меҷӯянд


Бештар аз 140 нафар раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар Порис-пойтахти Фаронса гирдиҳам меоянд, то роҳҳои пешгирӣ аз гармоиши сайёраи Заминро баррасӣ кунанд.

Конфронси иқлим, ки зери назари СММ баргузор мешавад, аз 30 ноябр то 11 декабр давом хоҳад кард. Ин конфронс зери тадбирҳои шадиди амниятӣ мегузарад, зеро дар аввали ҳамин моҳ дар чанд ҳамлаи интиҳории тундравҳо дар шаҳри Порис 130 нафар кушта шуданд.

Намояндагони 196 кишвар мехоҳанд, ки дар бораи коҳиши газҳои гулхонаӣ, ки ба фаъолияти инсон вобаста аст, ба тавофуқ бирасанд. Дар он сурат имкони пешгирӣ аз болоравии сатҳи об дар баҳрҳо ва гарм шудани ҳаво фароҳам меояд. Аз ҳоло чунин падидаҳо ба аҳолии сайёра дар саросари ҷаҳон хатар ба бор овардааст.

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ бо Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса 29 ноябр дидор ва гуфтугӯ мекунад. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар миёни даҳҳо раҳбароне хоҳад буд, ки дар ин конфронс ширкат хоҳанд ҷуст.

XS
SM
MD
LG