Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Мариупол воқеъ дар шарқи Украина ва дар шаҳраки Красноармейск райдиҳӣ дар интихоботи такрории маҳаллӣ идома дорад.

Ин ду минтақа дар вилояти бӯҳронии Донетск дар контроли ҳукумати марказии Киев аст ва бояд дар ин ду минтақа моҳи гузашта интихоботи маҳаллӣ баргузор мешуд. Вале он вақт садҳо қитъаи ирайдиҳӣ боз нашуд ва вазорати корҳои дохилаи Украина эълон кард, ки дар “варақаҳои райдиҳӣ ба иштибоҳ роҳ додаанд”.

Бештари минтақаи Донетск ва Луҳанск-вилояти ҳамсояи он дар контроли ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия қарор дорад. Ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи худхонда ба тавофуқ расидаанд, ки интихоботи худро соли оянда баргузор мекунанд.

Аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол дар даргириҳои миёни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон бештар аз 7 900 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG