Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов фарзанд ба дунё овард


Нишона Умарова, кӯдаки навзоди Умаралӣ Қувватов баъд аз марги падар

Нишона Умарова, кӯдаки навзоди Умаралӣ Қувватов баъд аз марги падар

Баъд аз марги Умаралӣ Қувватов аз хонуми вай 25 ноябр дар яке аз кишварҳои ғарбӣ кӯдаке ба дунё омад, ки охирин нишон аз шавҳараш медонад.

Қумринисо Ҳафизова-хонуми Умаралӣ Қувватов-раҳбари фақиди “Гурӯҳи 24” дар зоишгоҳи як кишвари ғарбӣ, ки баъд аз террори шавҳараш ба он ҷо паноҳ бурдааст, фарзанде ба дунё овард. Вай ба ин тифли худ Нишона ном додааст.

Қумринисо дар сӯҳбате ба Радиои Озодӣ гуфт, “духтари навзодаш бо номи Нишона нишоне аз Умар аст, ки қимматтарин чиз барои вай ва фарзандонаш монда рафтааст”.

Вай мегӯяд, “дар ҳолати таваллуд ҳолатам бисёр бад буд ва чанд бор мехостам даст ба худкушӣ занам. Ҳамеша зери назорати духтурон будам. Дар ҳолати таваллуд ҳам мисли рӯзи марги шавҳарам оҳу нола мекардам, чунки ин якумин тифлам буд, ки бе падар ба дунё омад. Панҷ фарзандамро падарашон дида буд, хурсандӣ мекард, аммо ин духтаракам ҳанӯз дар батнам аз падар маҳрум монд”.

Қумринисо Ҳафизова бо фарзандонаш

Қумринисо Ҳафизова бо фарзандонаш

Дар идомаи суханони худ Қумринисо Ҳафизова мегӯяд, “Нишона бо вазни 2 килову 600 грам ба дунё омадааст ва таваллуди вай дур аз хешу табор ва дур аз Ватан барояш мушкил будааст”.

Нишона баъди 8 моҳи марги падар таваллуд шуд ва ба гуфтаи худи хонум Ҳафизова, ба падар насиб нашуд, ки фарзанди шашуми худро бубинад. Хонум Ҳафизова гуфт, баъди раҳоии шавҳараш аз боздошт дар Истанбул, ӯ обистан шуда буд ва Умаралӣ ҳам таваллуди ин кӯдакро интизор буд.

Ба гуфтаи вай, дар рӯзҳое, ки барои таваллуд дар зоишгоҳ ба сар мебарад, фарзандони вайро дар хонааш ҷамъияти мусулмонони маҳали зисташон нигоҳубин мекунанд.

Ҳафизова-ҳамсари Умаралӣ Қувватов, як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, моҳи марти солиҷорӣ аз Туркия хориҷ шуд ва ҳоло бо панҷ фарзандаш дар як кишвари ғарбӣ паноҳанда шудааст. Мақоми паноҳандаи сиёсиро ба ин хонавода СММ додааст ва онҳо ҳоло дар як хонаи давлатӣ зиндагӣ мекунанд.

Шавҳари вай Умаралӣ Қувватови 47-сола шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз меҳмонӣ дар манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи шаҳри Истамбул дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд. Ҳамсару ду фарзанд ва ду муҳофизи Қувватов, ки ӯро дар он меҳмонӣ ҳамроҳӣ мекарданд, билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Сулаймон Қаюмов баланд карданд.

Онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз ҳангоми тановули хӯроки шом вазъашон бад шуда буд ва ба ҳамин далел, аз меҳмонӣ барвақт хестанд. Ташхиси пулис баъдан дар бадани Қувватов осори доруи клозапинро, ки барои табобати беморони гирифтори маризии рӯҳии шизофрения истифода мешавад, маълум кард.

Оила ва тарафдорони Қувватов ин кушторро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, раҳбари "Гурӯҳи 24" барои фаъолиятҳои сиёсиаш кушта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG