Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулгарӣ 4 кӯдаки тоҷикро аз Русия ба Ватан базгардонд


Бо кӯмаки консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва ёрии кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Русия 4 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон аз Русия ба Ватан бозгардонда шудаанд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Модарони ин ноболиғон баъд аз таваллуд кӯдакони худро дар зоишгоҳҳои Русия гузоштаанд ва онҳоро нагирифтаанд. Консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ҳуҷҷатҳои ин кӯдакон, яъне фарзандони К. Муродбеков, Я. Қучқоров, З. Норматов ва А. Ҳотамовро таҳия кардаанд ва онҳоро дар ихтиёри кормандони парваришгоҳи ноболиғони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гузоштаанд.

Сафорат мегӯяд, бозгардонидани ин кӯдакон бар асоси муқаррароти Аҳдномаи Кишинёв дар бораи ҳамкории кишварҳои муштаракулманофеъ роҷеъ ба бозгардонидани ноболғон ба Ватан анҷом гирифтааст.

XS
SM
MD
LG