Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, ба ҳамлаҳои интернетие, ки солҳои гузашта ба онҳо рӯ ба рӯ шуда буд, ҷавоб надодааст. Ҳусейн Ҷобири Ансорӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон 27 ноябр гуфт, “Эрон ҳеҷ гоҳ ба чунин ҳалаҳои компютерӣ ҷавоб надодааст”.

Ба гуфтаи вай, Теҳрон дар солҳои ахир қурбони ҳамлаҳои “ҷиддӣ”-и компютерӣ шудааст ва ҳамлаи кирми компютерӣ бо номи Stuxnet аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад, ки таъсисоти ҳамстаии Эрнонро ҳадаф қарор дода буд.

Ҷобирӣ бо ин суханон ба гузориши ахири рӯзномаи New York Times ҷавоб додааст. Дар ин мақола аз номи як мақоми расмии Амрико ва гурӯҳҳои амнияти компютерӣ гуфта мешавад, ки Эрон ҳамлаҳои ҷосусии компютерӣ анҷом додааст ва ҳамлаи компютерӣ ба вазорати корҳои хориҷаи Амрико яке аз онҳо мебошад.

Дар гузороиши 24 ноябр илова шудаасат, ки рамзшиканҳои эронӣ ба системаи номаҳои электронии вазорати корҳои хориҷаи Амрико ворид шудаанд, яъне ба номаҳои ононе, ки роҷеъ ба Эрон кор мекунанд.

Аммо Ҷобирӣ ин иддаро рад кард. Вай афзуд, Теҳрон муваззаф шудааст, ки “шеваҳои пешгирӣ аз ҳамлаҳои компютериро дар арсаи байналмиллалӣ таҳким бахшад”.

XS
SM
MD
LG