Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавон бо номи Маъруфи Абдулазиз аз тарафи гурӯҳе аз ҷавонон ба Радиои Озодӣ нома ирсол карда, аз шаҳрдори Душанбе тақозо кардааст, ки роҳҳои пойтахт барои дучархарони мувофиқ карда шаванд. Матни ин нома айнан инҷо нашр мешавад.

Ман Маъруфи Абдулазиз, аз Шумо боэҳтиром хоҳиш менамоям, ки дархости банда ва як гурӯҳ ҷавононро ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев расонед.

То вақте ки соҳиби дучарха набудем, оид ба шароити дучархаронӣ дар шаҳр намеандешидем, гумон мекардем, ки барои ин ягон монеа нест. Вале вақте ба ин навъи варзиш машғул шудем, мебинем, ки дар шаҳр инфрасохтори дучархаронӣ қариб, ки вуҷуд надорад. Роҳҳои таъмиршуда, ки ба талабот ҷавобгӯ унвон мешавад, дар асл барои рондани дучарха ғайриимкон мебошанд.

Масалан, барои бо дучарха аз ҷониби "Сирк" то самти "Садбарг" ва ё то самти бозори "Саховат" рафтан, лозим мешавад, ки чандин маротиба аз дучарха фуруд оем. Умуман, вазъи мавҷуда дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мавҷуд аст. Мо аксаран бо сабаби мавҷуд будани чунин мушкилӣ, ба роҳи мошингард меравем, ки хавфи он маълум аст, ки кам нест. Дар давлатҳои Аврупо барои дучарха пайроҳаи махсусе мавҷуд аст, ки дар он ҳаракати озоди дучарха таъмин мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дучархаронӣ василаи олии нигоҳдошти солимии бадан ва пешгирӣ аз гирифтани вазни зиёд мебошад. Бахусус, барои онҳое, ки ба меҳнати фикрӣ машғуланд, ва ё корашон тақозо менамояд, ки дар тӯли рӯзи корӣ аз саҳар то бегоҳ дар курсӣ нишинанд, пеш аз рафтан ба кор ва ё баъд аз кор рондани дучарха муфид мебошад.

Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ба шароити дучархаронӣ мувофиқ намудани роҳҳои шаҳри Душанбе барои мо ва ҳамаи онҳое, ки ба ин навъи варзиш машғуланд ва ба ин васила саҳми арзанда гузоштан дар густариши ин навъи варзиш ва машғулияти бадан, мусоидат намоед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG