Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анкара қатъи зарбаҳо ба ДИИШ-ро рад кард


Намояндаи ҳукумати Туркия хабари аз сӯи Анкара мутаваққиф шудани зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИИШ)-ро рад кард.

Рӯзномаи Hürriyet Daily News бо такя ба манбаъҳое, ки аз ифшои номашон худдорӣ карданд, рӯзи 27 ноябр навишт, ки Туркия парвози ҳавопаймоҳои низомияш дар ҳарими Сурияро, ки дар чаҳорчӯби ширкат дар Эътилофи таҳти фармони ИМА алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом медод, қатъ кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, тасмим дар мувофиқат бо Русия гирифта шудааст, ки низ парвозҳо дар марзи миёни Сурия ва Туркияро мутаваққиф кардааст.

Амио намояндаи расмии ҳукумати Туркия рӯзи 27 ноябр дар сӯҳбат бо хабаргузории AFP изҳор намуд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия зарбаҳо болои гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар ҳайати Эътилофи байнулмилалиро идома медиҳанд

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи 27 ноябр чанд изҳороти ахири раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро “ғайриқобили қабул” номид ва ҳушдор дод, ки “бо оташ бозӣ накунад”. Дар посух ба иттиҳоми Путин, ки Туркия дидаву дониста робитаҳои дуҷонибаро вориди бунбаст мекунад, Эрдуғон бори дигар таъкид кард, ки ҳавопаймои туркӣ бомбаандози русии СУ-24-ро барқасдона ҳадаф қарор надодааст.

Ба гуфтаи Эрдуғон,низомиёни кишвараш дар чаҳорчӯби муқаррароти маълуми байнулмилалӣ амал намуданд, зеро ҳавопаймои русӣ вориди ҳарими ҳавоии Туркия шуда буд. Аммо Маскав пойфишорӣ дорад, ки ҳавопаймояш дар ҳарими Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст ва аз ин рӯ Анкара маъзарат хоста, ҷуброни осебро пардозад ва гунаҳкоронро ҷазо диҳад. Эрдуғон ин талаби Маскавро қатъӣ рад кард.

Эрдуғон ҳамчунин гуфт, Анкара истифодаи маҷмааи зиддимушакии С-400 зидди ҳавопаймоҳояш дар ҳарими Сурияро чун “таҷовуз” арёбӣ хоҳад кард ва ба он посух хоҳад дод.

Мақомоти Русия нобудсозии СУ-24-ро “ханҷар ба пӯшт” номиданд ва ба эълони таҳримҳо алайҳи Туркия шурӯъ карданд. Гуфта мешавад, ки Маскав шояд бунёди лӯлаи гази “Мавҷи туркӣ” ва сохтмони истгоҳи атомии “Аккую”-ро мутаваққиф кунад. Муассисаи давлатии “Ростуризм” хабар дод, ки Русия ҳамкориҳо бо Туркия дар бахши ҷаҳонгардиро қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG