Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Русия бо оташ бозӣ мекунад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи 27 ноябр чанд изҳороти ахири раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро “ғайриқобили қабул” номид ва ҳушдор дод, ки “бо оташ бозӣ накунад”. Дар посух ба иттиҳоми Путин, ки Туркия дидаву дониста робитаҳои дуҷонибаро вориди бунбаст мекунад, Эрдуғон бори дигар таъкид кард, ки ҳавопаймои туркӣ бомбаандози русии СУ-24-ро барқасдона ҳадаф қарор надодааст.

Ба гуфтаи Эрдуғон,низомиёни кишвараш дар чаҳорчӯби муқаррароти маълуми байнулмилалӣ амал намуданд, зеро ҳавопаймои русӣ вориди ҳарими ҳавоии Туркия шуда буд. Аммо Маскав пойфишорӣ дорад, ки ҳавопаймояш дар ҳарими Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст ва аз ин рӯ Анкара маъзарат хоста, ҷуброни осебро пардозад ва гунаҳкоронро ҷазо диҳад. Эрдуғон ин талаби Маскавро қатъӣ рад кард.

Раисҷумҳури Туркия ҳамчунин гуфт, Анкара истифодаи маҷмааи зиддимушакии С-400 алайҳи ҳавопаймоҳояш дар ҳарими Сурияро чун “таҷовуз” арёбӣ хоҳад кард ва ба он посух хоҳад дод.

Мақомоти Русия нобудсозии СУ-24-ро “ханҷар ба пушт” номиданд ва ба эълони таҳримҳо алайҳи Туркия шурӯъ карданд. Гуфта мешавад, ки Маскав шояд бунёди лӯлаи гази “Мавҷи туркӣ” ва сохтмони истгоҳи атомии “Аккую”-ро мутаваққиф кунад. Муассисаи давлатии “Ростуризм” хабар дод, ки Русия ҳамкориҳо бо Туркия дар бахши ҷаҳонгардиро қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG