Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси Суғд ба ҳукумат пешниҳод кард, ки бо таъсиси як гурӯҳи кории доимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болоравии мизони ҷинояткорӣ ҷилавгарӣ кунанд.

Пулиси Суғд ба ҳукумат пешниҳод кард, бо таъсиси як гурӯҳи кории доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болоравии мизони ҷинояткорӣ ҷилавгарӣ кунанд. Болоравии мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд дар солҳои охир мақомоти пулиси минтақаро водор кард, бо таъсиси як гурӯҳи кории доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷоя бо фаъолон ва мақомоти дигар ҷиҳати ҷилавгирии ҷинояткорӣ иқдом кунад.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ахиран дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа гуфт, тибқи натиҷагириҳои ин ниҳод, ҳудуди 30 дар сади ҷиноятҳои дар 5 соли охир дар Тоҷикистон ба қайд гирифташуда дар минтақаи шимолии кишвар содир шудааст.

Вай афзуд, дар 1 солу 9 моҳи охир дар вилояти Суғд назар ба вилояти Хатлон, бузургтарин минтақаи кишвар беш аз 1 ҳазор ҷиноят зиёд содир шудааст. Ҷаноби Назарзода як сабаби аслии ин вазъро ба заъфи ҳамкории фаъолияти ҳукумат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рабт дод ва гуфт: “Мо таъсиси як гурӯҳи кории доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳо ба ҳукумати Суғд пешниҳод дорем. Мақсади мо аз таъсиси ин гурӯҳ, сафарбар намудани ҳамаи мақомот ва фаъолон ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ аст.”

Ба гуфтаи сардори Раёсати пулиси Суғд, дар ин гурӯҳ намояндагони ҳама мақомоти марбутаи ҳукумат ва фаъолони ҷомеа шомил шуда ва ҷиҳати муқобила бо ҷинояткорӣ якҷоя барномаву чораҳои мушаххасеро рӯи даст хоҳанд гирифт. Дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, ба ҷуз раҳбарони ин ниҳодҳо намояндагони ҳукумат низ иштирок доштанд.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи омори расмӣ, дар вилояти Суғд солҳои охир мизони ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои куштори одам, шомил шудан ба ҳизбу созмонҳои ифротгаро ва тундрав, қочоқи инсон ва ҷиноят аз ҷониби ноболиғон тамоюли болоравӣ дорад. Пулиси Суғд мегӯяд, танҳо дар соли равон 109 сокини ҷавони суғдӣ бо иттиҳоми пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундрав боздошт гардида, алайҳи онҳо парванда боз шудааст.

Ҳамчунин, бино ба ин манбаъ, муноқишаву ҷанҷолҳо дар оила ангезаву сабабҳои аслии бархе ҷинояҳои вазнин будааст. Ҳамин тавр, аз 39 қатлу куштор 16 ҷиноят, аз 18 ҷинояти азобу уқубат 16 ва аз 13 ҷинояти “ба худкушӣ расонидан” 11 маврид дар ҳамин замина содир шудааст. Мақомоти пулис мегӯянд, мумкин буд аз қисме ин ҷиноятҳо ҷилавгирӣ шавад, вале сокинон умдатан ба умеди пулис кореро, ки барои пешгирии як ҷиноят аз дасташон бармеояд, кам анҷом медиҳанд. Чизе, ки мақомоти пулисро ба пешниҳоди ҳамкории густарда бо сокинони фаъол ва мақомот водор намудааст.

Тилав Расулзода

Тилав Расулзода

Тилав Расулзода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ҳамкории кормандони пулис бо ҳукумат ва аҳолӣ албатта барои пешгирии ҷинояткорӣ муфид хоҳад буд. Вале аз нигоҳи ӯ, барои ислоҳи вазъ ҳалли масоили иҷтимоии мардум, ба хусус бекории ҷавонон, ки баъди манъи вуруди қисме аз муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия сафҳои онҳо афзудааст, муассиртар хоҳад буд, чунки ҷиноятҳо дар манзилу берун аз он умдатан аз суи афроди бекору нодор, ки дар ҳолати асабонияти доимӣ қарор доранд, содир мешавад.

Мусоҳибам афзуд, ҳамчунин,баланд бардоштани савияи ҳуқуқии сокинон зарур аст, то ки пеш аз анҷоми кору амали баде фарҷоми онро низ биандешанд, ки кори бад ё ҷиноят ононро то куҷо хоҳад бурд ва ба сари худу наздиконашон чӣ мушкил хоҳад овард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG