Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии “Ҳосилот”-и Фархор ба анҷом расид.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии “Ҳосилот”-и Фархор ба анҷом расид.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо бозиҳои даври 26-ум хотима ёфт. “Ҳосилот”-и Фархор дар майдони худ дастаи МТО (Маркази тайёрии олимпӣ)-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 12:0 шикаст дод. Футболбозони ноҳияи Фархор таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо 56 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб карданд.

“Ҳосилот”, ки пешакӣ ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардидааст, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи соли ояндаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ мушарраф шудааст.

Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд, ки дар бозии даври 25-умбар тими МТО-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 7:2 пирӯз шуда буд, пешакӣ медалҳои нуқраро аз они худ кардааст. Футболбозони “Эсхата” ба дарвозаи рақибонашон аз ҳама бештар - 78 тӯб – задаанд. Ду нафари онҳо - Ҳусейнхон Ҷалолов (26 тӯб) ва Абдумалик Шодиев (20 тӯб) – дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор гирифтанд.

Медалҳои биринҷии мусобиқаи имсола бо 50 имтиёз насиби “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ гардид. “Саройкамар” дар даври охирини мусобиқа дар меҳмонӣ “Локомотив”-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 26-ум

«Ҳосилот» — МТО — 12:0
«Локомотив» — «Саройкамар» — 2:3
«Исфара» — «Канд» — 2:2
«Ҳулбук» — «Помир» — 2:1
«Зарафшон» — «Панҷшер» — 3:0
«Чашма» — «Кӯктош» — 2:5

Ҷадвали ҷамъбастӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

24

18

2

4

63-18

56

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

24

16

4

4

78-33

52

3

«Саройкамар» (Панҷ)

24

16

2

6

60-21

50

4

«Панҷшер» (Румӣ)

24

14

7

3

45-21

49

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

24

14

6

4

45-29

48

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

24

14

4

6

66-37

46

7

«Исфара» (Исфара)

24

10

3

11

45-47

33

8

«Чашма» (Шаҳритус)

24

8

2

14

43-58

26

9

«Помир» (Душанбе)

24

7

4

13

40-49

25

10

«Зарафшон» (Панҷакент)

24

5

5

14

30-46

20

11

«Локомотив» (Душанбе)

24

5

4

15

26-56

19

12

«Канд» (Конибодом)

24

4

3

17

30-61

15

13

МТО (Хуҷанд)

24

2

0

22

26-121

6

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейнхон ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 26 тӯб, Абдумалик ШОДИЕВ («Эсхата») – 20 тӯб, Фирдавс МӮСОЕВ («Исфара») – 16 тӯб, Адҳам АБДУЛЛОЕВ («Кӯктош») – 15 тӯб.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG