Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ҳайатҳои ВКХ Тоҷикистон ва Қирғизистон


Ҳайатҳои вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе мулоқот кардаанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқот рӯзи 27 ноябр дар ҳошияи нишасти ҳамасолаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна, ки дар Душанбе идома дорад, сурат гирифтааст. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода ва ҷониби Қирғизистонро муовини аввали вазири умури хориҷии он кишвар Динара Кемелова раҳбарӣ кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG