Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси гурӯҳи кории доимӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ


Шариф Назарзода, сардори раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
Шариф Назарзода, сардори раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Пулиси Суғд ба ҳукумат пешниҳод кард, ки бо таъсиси як гурӯҳи кории доимоамалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз болоравии мизони ҷинояткорӣ ҷилавгарӣ кунанд. Болоравии мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд дар солҳои охир мақомоти пулиси минтақаро ба ин амр водор кардааст. Шариф Назарзода, сардори раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ахиран дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа гуфт, тибқи натиҷагириҳои ин ниҳод, ҳудуди 30 дарсади ҷиноятҳои дар 5 соли охир дар Тоҷикистон ба қайд гирифташуда дар минтақаи шимолии кишвар содир шудааст.

Вай афзуд, дар 1 солу 9 моҳи охир дар вилояти Суғд назар ба вилояти Хатлон, бузургтарин минтақаи кишвар беш аз 1 ҳазор ҷиноят содир шудааст. Ҷаноби Назарзода як сабаби аслии ин вазъро ба заъфи ҳамкории фаъолияти ҳукумат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рабт дод ва афзуд: “Мо таъсиси як гурӯҳи кории доимоамалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз содири ҷиноятҳо ба ҳукумати Суғд пешниҳод дорем. Мақсади мо аз таъсиси ин гурӯҳ, сафарбар намудани ҳамаи мақомот ва фаъолон ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ аст.”

Ба гуфтаи сардори раёсати пулиси Суғд, дар ин гурӯҳ намояндагони ҳама мақомоти марбутаи ҳукумат ва фаъолони ҷомеа шомил мешаванд ва ҷиҳати муқобала бо ҷинояткорӣ, якҷоя барномаву чораҳои мушаххасеро рӯи даст хоҳанд гирифт.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи омори расмӣ, дар вилояти Суғд солҳои охир мизони ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои куштори одам, шомил шудан ба ҳизбу созмонҳои ифротгаро ва тундрав, қочоқи инсон ва аз ҷониби ноболиғон тмоюли болоравӣ дорад. Пулиси Суғд мегӯяд, танҳо дар соли равон 109 сокини ҷавони суғдӣ бо иттиҳоми пайвастан ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ ва тундрав боздошт гардида, алайҳи онҳо парвандаҳо боз шудааст.

XS
SM
MD
LG