Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Hürriyet: Маскаву Анкара парвозҳоро қатъ карданд


Туркия парвози ҳавопаймоҳои низомияш дар ҳарими Сурияро, ки дар чаҳорчӯби ширкат дар Эътилофи таҳти фармони ИМА алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом медод, қатъ кардааст.

Рӯзномаи Hürriyet Daily News бо такя ба манбаъҳое, ки аз ифшои номашон худдорӣ карданд, рӯзи 27 ноябр навишт, ин тасмим дар мувофиқат бо Русия гирифта шудааст, ки низ парвозҳо дар марзи миёни Сурия ва Туркияро мутаваққиф кардааст.

Ҷонибҳо талош доранд аз такрори ҳаводисе чун сарнагун кардани ҳавопаймои бомбаандози СУ-24 аз сӯи ҳавопаймои туркӣ дар се рӯзи пеш ҷилавгирӣ шавад. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймои русӣ ҳарими ҳавоии Туркияро вайрон карда буд. Аммо Маскав инро рад карда изҳор намуд, ки ҳавопаймояш дар ҳарими Сурия ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст ва аз ин рӯ Анкара маъзарат хоста, ҷуброни осебро пардозад ва гунаҳкоронро ҷазо диҳад. Раҷаб Тайид Эрдуғон ин талаби Маскавро қатъӣ рад кард ва гуфт, ки низомиёни кишвараш дар чаҳорчӯби муқаррароти бмаълуми байнулмилалӣ амал намуданд.

Эрдуғон ҳамчунин гуфт, Анкара истифодаи маҷмааи зиддимушакии С-400 зидди ҳавопаймоҳояш дар ҳарими Сурияро чун “таҷовуз” арёбӣ хоҳад кард ва ба он посух хоҳад дод.

Мақомоти Русия нобудсозии СУ-24-ро “ханҷар ба пӯшт” номиданд ва ба эълони таҳримҳо алайҳи Туркия шурӯъ карданд. Гуфта мешавад, ки Маскав шояд бунёди лӯлаи гази “Мавҷи туркӣ” ва сохтмони истгоҳи атомии “Аккую”-ро мутаваққиф кунад. Муассисаи давлатии “Ростуризм” хабар дод, ки Русия ҳамкориҳо бо Туркия дар бахши ҷаҳонгардиро қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG