Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурронӣ аз ҳамла ҷон ба саломат бурд


Бар асари таркиши минаи рӯираҳӣ дар шимолу ғарби Покистон ду нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомоти полиси вилояти Хайбар-Пахтунхва ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 26 ноябр дар ноҳияи Баннуи канори шаҳри Бакка Хел Вазир ба вуқӯъ пайваст - афроди ношинос минаро дар ҳоле инфиҷор карданд, ки корвони мошинҳои Акрам Хон Дурронӣ, вазири маскан ва кори Покистон, аз ин мавзеъ убур мекард.

Дар таркиш дасти кам ду нафар аз кормандони бахши ҳифзи сиҳати вазорат ба ҳалокат расиданд. Акрам Хон Дурронӣ аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Дурронӣ – раҳбари ҳизби Ҷамоати уламои фазли исломӣ ва яке аз аъзои маъруфи Иттиҳоди сиёсии Муттаҳида Маҷлиси Амал аст. Ӯ аз ҳампаймонҳои сиёсии калидии Фазл-ул-Раҳмон, сиёсатмадор ва рӯҳоне, ки солҳои 90-ум дар режими Толибон дар Афғонистон нуфӯзи зиёд дошт, маҳсуб мешавад.

Акрам Хон Дурронӣ солҳои пеш раиси ҳукумати вилояти Хайбар-Пахтунхва буд ва дар маҷлисҳои маҳалливу федералӣ аз зодгоҳаш – мавзеъи Банну намояндагӣ мекард.

XS
SM
MD
LG