Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи давлатии гузаштан ба пахши рақамии телевизионҳо то соли 2020 ба таъхир афтодааст. Қарор буд, ин барнома имсол анҷом ёбад.

Барномаи давлатии гузаштан ба пахши рақамии телевизионҳои Тоҷикистон то соли 2020 ба таъхир афтодааст. Қарор буд, ин барнома соли 2015 анҷом ёбад, аммо ширкати "Телерадиком"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, ки бинобар 93 дарсад кӯҳистон будани Тоҷикистон натавонистаанд, ин барномаро дар вақташ анҷом диҳанд.

Исфандиёри Саъдулло, муовини раиси ширкати "Телерадиоком" 1 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳоло ҳудуди 55 дарсади кишвар бо пахши рақамӣ фаро гирифта шуда, иҷрои ин барнома ҳанӯз ҷараён дорад. Ӯ гуфт, "то охири ҳамин сол 60 дарсади аҳолии кишвар бо пахши рақамӣ фаро гирифта хоҳанд шуд."

Муовини раиси ширкати "Телерадиоком" иллати тӯл кашидани иҷрои барномаи гузаштан ба пахши рақамиро ба камбуди молӣ ва адами дастгоҳи мавҷфиристандаи рақамӣ дар кишвар арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, "шахсан тарафдори он ҳастем, ки ин барнома зудтар анҷом шавад. То соли 2020 барномаи гузаштан ба пахши рақамӣ 95 дарсад иҷро хоҳад шуд. Барои сад дарсад фаро гирифтан иҷрои ин барномаро бояд баъд аз соли 2020 низ идома дод."

Гузариш ба пахши рақамӣ як барномаи умумиҷаҳонӣ аст, ки бар асоси "Нақшаи минтақавии пахши рақамии Иттиҳоди байнулмилалии робитаи электронӣ" роҳандозӣ шудааст. Ин созмон ба кишварҳои ҷаҳон, Созишномаи минтақавии «Женева – 2006» - ро пешниҳод кард, ки аз сӯи 119 кишвари ҷаҳон ба имзо расид ва Тоҷикистон онро 16 июни соли 2006 имзо кардааст.

Бар асоси ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли 2010 Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамиро қабул кард. Вале таҳлилагарони ин бахш мегӯянд, дар ин барнома ва дар Стратегияи рушди телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон телевизионҳои мустақил сарфи назар шудаанд ва барои гузариши онҳо ба пахши рақамӣ ҳатто заминаи ҳуқуқӣ фароҳам нашудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 шабакаи давлатии умумимиллӣ ("Ҷаҳоннамо", "Шабакаи аввал", "Сафина", "Баҳористон") ва 3 шабакаи маҳаллии давлатӣ («Суғд», «Бадахшон», «Пойтахт») ва 27 телевизиони мустақил фаъолият мекунанд. Қарор аст, аз моҳи январи соли 2016 ду шабакаи нав -- "Синамо" ва "Варзиш" дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кунанд.

Мавҷпарокани «Тоҷиктелерадиоком» дар ҳоли ҳозир 10 шабакаи радиотелевизионии умумимиллӣ ва телевизионҳои хориҷӣ, назири «Евронюс», «National Geographic», «Спорт», «НТВ + Спорт» - ро пахш мекунад. Сокинони Душанбе ва навоҳии атрофи он ин шабакаҳоро тариқи қабулкунандаҳо, ки дар бозор 150 сомонӣ қимат доранд, метавонанд тамошо кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG