Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбар дар қатли зани 32-сола дастгир шуд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбар дар қатли як сокини 32-солаи шаҳри Душанбе хабар дод. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ 27 ноябр гуфтаанд, “дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса Мирзоев Баҳрулло Самадович (1981), сокини ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар куштори Савриннисо Иззатуллоева (1983) истиқоматкунандаи кӯчаи Ғуломови шаҳри Душанбе боздошт намуданд”.

Ба иттиллои манбаъ, Баҳрулло Мирзоев шаби 24 ноябр ба таври ғайриқонунӣ ба манзили зисти Савриннисо Изаттуллоева, воқеъ дар наздии Додситонии кулли Тоҷикистон ворид шуда, ӯро ба қатл расондааст. Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Баҳрулло Мирзоев қаблан ба иттиҳоми таҷовуз ба номус ва дуздӣ дар қаламрави Русия зиндонӣ будааст.

XS
SM
MD
LG