Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оиларо мақбул дониста, ба парлумон фиристодааст, ки дар сурати қабул шуданаш муоинаи пеш аз издивоҷи ҷавононро ҳатмӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи 27-уми ноябраш тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оиларо мақбул дониста, барои баррасӣ ба парлумон фиристодааст, ки дар сурати тасвиб шудан муоинаи пеш аз издивоҷи ҷавононро ҳатмӣ мекунад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳадаф аз ин тасмим "ҷилавгирӣ аз сирояти ноогоҳонаи бемориҳое назири вируси норасоии масунияти бадан ё Вич-СПИД" будааст.

Масъалаи ҳатмӣ гардондани муоинаи тиббии арӯсу домод қабл аз никоҳ чанд сол боз дар ҷомиаи Тоҷикистон баҳс мешуд. Дар моҳи январи соли равон ин мавзӯъ ҳатто ба матни паёми солонаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон роҳ ёфт, ки таваллуди беш аз 18 000 кӯдаки маъюб аз волидони носолим, бахусус аз никоҳҳои хешутабориро таҳдид ба "ояндаи генофонди миллат" номид ва аз пешниҳоди ҳатмӣ шудани муоинаи қабл аз никоҳи арӯсу домод пуштибонӣ кард.

Латофат Насриддинова, раҳбари созмони "Зан ва оила", 27 ноябр дар сӯҳбат бо Озодӣ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ барои арӯсу домод пуштибонӣ кард ва ин амрро як навъи ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонаводаҳои ҷавон арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, "аммо аз натиҷаи ташхис бояд ҳам хонаводаи арӯс ва ҳам домод огоҳ шаванд ва ин имкон медиҳад, ки дар оянда бемории зан ё мард боис ба фурӯпошии хонавода намешавад."

Шамсиддин Қурбонов, раиси Маркази тиббии "Насл", мегӯяд, дар ҳоли ҳозир низ дар моддаи 15-уми Кодекси оила "машварати тиббию генетикӣ пеш аз издивоҷ" зикр шуда, аммо он ҳатмӣ набудааст. Ба гуфтаи ӯ, "бояд барои ҳар шаҳрванд картаи генетикӣ таҳия шавад ва он замон дақиқ хоҳад шуд, ки ин фард чӣ беморӣ дорад. Бар асоси ин карта муайян кардан мумкин аст, оё ду нафар боякдигар мувофиқ ҳастанд ё на. Агар хатари таваллуди кӯдак бо бемории ирсӣ вуҷуд дошта бошад, бояд издивоҷ накунанд."

Дар ҳоли ҳозир, дар моддаи 15-уми Кодекси оилаи Тоҷикистон чанд намунаи ташхисҳои тиббии пеш аз издивоҷ зикр шудааст. Аввал аз ҳама, ин ташхис бояд “ройгон (бепул) ва танҳо бо ризоияти шахсони издивоҷкунанда анҷом дода шавад.”

Тибқи банди дуюми ин модда, “натиҷаҳои муоина сирри тиббӣ буда, ба шахси дигари издивоҷкунанда танҳо бо ризоияти шахси муоинашуда маълум гардонида шуданаш мумкин аст.” Аммо банди сеюм мегӯяд, “агар яке аз издивоҷкунандагон аз дигаре ба бемории венерикӣ ва ё "вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният" мубтало будани худро пинҳон дорад, шахси дигар (охирин) метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани никоҳро талаб намояд.”

Ин дар ҳолест ки беморони гирифтори ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон аз он шикоят мекунанд, ки дар як ҳоли наздик ба “раддимаърака” ба сар мебаранд. Бархеи онҳо аз табибон ҳам шиква мекунанд, ки бо фаҳмидани натиҷаи ташхис аз чунин беморон ҳадалимкон ҳазар мекунанд ва ҳатто аз идомаи табобаташон даст мекашанд.

Аммо гилаи гирифторони ВИЧ бештар аз наздикони худи онҳост, ки низ бо шунидани ин хабар аз чунин беморон фосила мегиранд. Дар моҳи гузашта ҷомиаро хабари ба сари падарарӯси гирифтори вируси ВИЧ-аш корд кашидани домоде дар вилояти Хатлон такон дод. Ин домод, вақте падарарӯсаш аз Русия бо вируси ВИЧ бармегардад, зану кӯдаконашро аз рафтан ба дидорбинии ӯ манъ мекунад, ки боиси ҷанҷоли лафзии байни домоду падарарӯс шуд ва дар ниҳоят ба кордкашӣ миёни онҳо кашонд. Ин домод, ки ҳамаро аз ҳар навъ муошират бо хусураш манъ мекард, ҳатто намедонист, ки ВИЧ/СПИД аз тариқи дидору саломуалейк ваё бо нафас ба касе сироят намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG