Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти муовинони вазири хориҷии ОМ


Рӯзи 27 ноябр дар Душанбе нишасти солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Ин мулоқот бо ибтикори Маркази минтақавии СММ дар умури дипломатияи превентивӣ ё боздоранда сурат мегирад.

Рӯзи гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Петко Драганов, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ба иттилои масъулони Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва терҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “дар ҷараёни ин дидор, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои амният, таҳкими сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм, безараргардонии минаҳо, обу энергетика ва мусоидати маркази минтақавии превентивии СММ ба ин равандҳо мавриди баҳсу баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд”.

Зимнан, Маркази минтақавии СММ дар умури дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли 2007 дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон ифтитоҳ шуда буд. Ҳадафи ин марказ мусоидат дар ҳалли баҳсҳо миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масоили мухталиф ва ҷилавгирӣ аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, назири тероризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG