Пайвандҳои дастрасӣ

Аз оғози соли оянда дар Узбакистон ҳолати равонии кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва довталабони кор дар идораи пулисро тавассути дастгоҳи "детектор лжи" ё дурӯғсанҷ ташхис хоҳанд кард.

Аз оғози соли 2016 ҳолати равонии тамоми кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва довталабон барои кор дар идораи пулиси Узбакистон тавассути дастгоҳи дурӯғсанҷ ё "детектор лжи" ташхис хоҳад шуд. Як корманди Вазорати корҳои дохилии Узбакистон дар суҳбат бо бахши узбакии Озодӣ ин хабаррро тасдиқ карда, аммо аз шарҳи сабабҳои ин тасмим худдорӣ кардааст.

Раҳбари ваколатдори шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии ВКД-и Узбакистон низ ба бахши узбакии Озодӣ гуфтааст, "мо чунин нақша дорем. Аммо наметавонем ба Шумо ҳадафи ин иқдомро шарҳ диҳем. Ин дар муқаррароти вазорат пешбинӣ шудааст". Вале хабаргузории РИА Новости ба истинод ба манобеи Вазорати корҳои дохилии Узбакистон мегӯяд, санҷиш дар дастгоҳи дурӯғсанҷ ба хотири муайян кардани ҳолати ноустувори равонии кормандону довталабони ниҳодҳои интизомӣ сурат мегирад.

Ба эътиқоди коршиносони Радиои Озодӣ, ҳолати ноустувори равонии кормандони умури дохилӣ ба мушкили рӯз мубаддал шудааст. Дар солҳои ахир ҳодисаҳои худкушӣ миёни кормандони милисаи Узбакистон сабт шудааст.

20 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳиияи Янгиюли вилояти Тошканд капитани милиса дар маҳалли кор аз таппончаи хидматӣ ба пешонааш тир задааст. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ подполковник Бахтиёр Атоев, раиси хадамоти кор бо ҳайати шахсии раёсати умури дохилаи вилояти Сирдарё худро дар манзилаш дор кашидааст.

Ба эътиқоди Сурат Икромов, мудофеи ҳуқуқи башар, мушкилот дар системаи ниҳодҳои умури дохилаи Узбакистон аз набудани қонун "Дар бораи милиса" сарчашма мегирад. Ҷаноби Икромов мегӯяд, "ҳарчанд ба далели зиёд будани маош теъдоди хоҳишмандон барои кор дар ин ниҳодҳо дар ҳоли афзоиш аст, аммо ҳаҷми корҳое, ки бояд корманди милиса анҷом диҳад, ба ҳолати равонии ӯ асари номатлуб мегузорад".

Сурат Икромов афзуд, фаъолияти корманди милиса дар Узбакистон душвор буда, баъзан дар як шабонарӯз аз 16 то 18 соатро дар бар мегирад. "Ин вазъ шахсро хаста карда ва ба ҳолати равонии ӯ асари номатлуб мегузорад. Шояд ба ҳамин далел усули нави ташхси кормандон ҷорӣ мешавад," -- илова кардааст ӯ.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё усули санҷиши кормандони пулис тавассути дастгоҳи дурӯғсанҷ маъмул аст.

Аммо афсарони милисаи Узбакистон ба иҷрои воқеии ин усул шубҳа доранд. Як корманди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд дар як сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол аз нақшаи ВКД хабаре надошта ва дастгоҳи дурӯғсанҷро надидааст. Дар ҳамин ҳол, ба Радиои Озодӣ хабар расид, ки рӯзҳои 13-14 ноябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи "Динамо"-и шаҳри Намангон Раёсати корҳои дохилӣ бо усули вижа довталабонро ба саффи милиса интихоб кардааст.

Як хонандаи Озодӣ мегӯяд, ба довталабон супориш шудааст, то диктант нависанд. Аммо ин озмун боадолатона набуда, як шиноси ӯ, ки номашро навишта наметавонист, “дил”-и кормандони Раёсатро ёфтаву диктанатро бо баҳои аъло навиштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG