Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайвандони Умаралиро аз хонаи иҷораашон рондаанд


Хонае, ки наздикони Умаралӣ Назаров дар он зиндагӣ доштанд

Хонае, ки наздикони Умаралӣ Назаров дар он зиндагӣ доштанд

​Мақомоти Санкт-Петербург падар ва модарбурзурги тифли тоҷик - Умаралӣ Назаровро аз хонаи иҷораашон берун карда, гуфтаанд, ки маҳалли иқомати онҳо барои зистан пешбинӣ нашудааст.

Мақомоти Русия баъд аз зуҳри 26-уми ноябр падар ва модарбузурги Умаралӣ Назаров, кӯдаки тоҷикро, ки моҳи октябр баъд аз як рӯзи боздошти модараш дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашта буд, аз хонаи иҷораашон дар хиёбони Лермонтови шаҳри Санкт-Петербург берун кардаанд.

Меҳриннисо Назарова, модарбузурги Умаралӣ, 27-уми ноябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо дар ошёнаи аввали як бинои истиқоматӣ мезистанд, аммо мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки маҳалли иқоматашон барои зиндагии сокинон пешбинӣ нашудааст. "Соати 16:00, ба вақти Русия, ба хона омаданд. Дар тан либоси шаҳрвандӣ доштанд, аммо гуфтанд, ки намояндагони додситонӣ ва хадамоти федеролии муҳоҷиратанд. Баҳона пеш оварданд, ки ҷои истиқомати мо “не жилой дом” аст," -- афзуд ӯ.

Модарбузурги Умаралӣ гуфт, ҳоло ӯ ва фарзандонаш, аз ҷумла Рустам Назаров, падари Умаралӣ, дар манзили иҷораи наздикони худ ҷой гирифта, аммо натавонистаанд тамоми ҷиҳозашонро бо худ баранд: "Ҳамаи чизро аз хона ба берун партофтанд. Фақат кӯрпаву чизҳои заруриро ҳамроҳи худ овардему бас. Бақияаш дар паси дари ҳамон хона истодааст. Намедонем, чӣ кор кунем."

Меҳриннисо Назарова

Меҳриннисо Назарова

Меҳринисо Назарова мегӯяд, як моҳ боз бо қазияи марги Умаралӣ машғул шуда, фарзандонаш дар ҷое кор намекунанд ва вазъи молияшон дар ин шабу рӯз хароб аст. Аз ин рӯ, гуфт ӯ, "тавони киро кардани манзили нави иҷораро надорем. Агар пул медоштам, ба Тоҷикистон бармегаштам."

Олга Сейтлина, яке аз вакилони хонаводаи Назаровҳо низ мегӯяд, ки ба манзили иҷораи, инак, собиқи нафарони таҳти ҳимояташ мақомот муҳр задаанд ва бозгашт ба он хона чандон содда нест. Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Коммерсант" навиштааст, ки манзили иҷораи Назаровҳо дар тавозун ё баланси ҳукмати шаҳри Санкт-Петербург буда, расман ба иҷора дода нашудааст. Сейтлина ҳам гуфтааст, нафари миёнраве, ки ин хонаро ба Назаровҳо ба иҷора дода буд, "гум шуда", дигар аз худ дарак надодааст.

Умаралӣ Назаров шаби 14 октябр дар бемористони Тсимбалинаи шаҳри Санкт-Петербург, баъди онки дар пайи боздошти модараш Зарина Юнусова ӯро аз модараш ҷудо карданд, даргузашт. Ҳамон рӯз додгоҳи Петербург ҳукми ихроҷи Зарина Юнусова ба далели вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русияро содир кард.

Дар қиболи марги ин тифли тоҷик мақомоти Русия парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Аммо ҷанозаи ӯро модараш Зарина Юнусова рӯзи 16 ноябр ба Тоҷикистон овард ва Умаралӣ Назаровро ҳамон рӯз дар ноҳияи Файзобод ба хок супурданд.

Бино ба натиҷаҳои эълоншудаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, Умаралӣ Назаров гӯё бар асари вируси тситомегалӣ фавтидааст. Аммо ин фарзияро бисёриҳо, аз ҷумла наздикони ин тифл ва табибони дигар, бо шумули докторанти як пажӯҳишгоҳи тиббии Маскав Фарида Буранова зери суол бурдаанд.

Марги Умаралӣ Назаров мавҷи то кунун бесобиқаи эътирозу маҳкумиятҳо дар Русия ва дар Тоҷикистонро ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федеросиюн Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG