Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи гуштигирони наврас барои Ҷоми Вастан


​Рӯзҳои 28-29 ноябр дар Душанбе панҷумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои Ҷоми Вастан баргузор мешавад.

Рӯзҳои 28-29 ноябр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, паҷумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум барои Ҷоми Вастан баргузор мешавад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа рӯзи шанбеи 28 ноябр соати 18:00 доир мегардад.

Ташкилкунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Клуби варзишии Вастан мебошанд.

Ғолибони мусобиқа дар нӯҳвазн (46, 50, 55, 60, 66, 73, 81, 90, +90 кг) байни писарон ва дар ду вазн (48 кг ва 52 кг) миёни духтарон ба ҷуз медалу диплом, бо ҷоизаҳои молӣ (барои ҷойи аввал 300 доллар, барои ҷойи дувум 150 доллар ва барои ҷойи севум 100 доллар) мукофотонида мешаванд.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров, сардовари ин мусобиқа аз Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз гуштигирони тоҷик, варзишгарони ҷавони Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркия, Узбакистон, Украина, Ҷопон, Эрон ва Юнон ширкат меварзанд. Дар байни ширкаткунандагони мусобиқа қаҳрамони имсолаи ҷаҳон дар вазни то 55 кг байни наврасон Айболат Истибай (Қазоқистон), барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни беш аз 90 кг байни наврасон Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон) ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни то 48 кг миёни духтарон Бедер Туқсе (Туркия) ҳастанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Шамиров, ба мусобиқа ба ҷуз доварони тоҷик, инчунин, ҳакамони пуртаҷриба, доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Эрон даъват шудаанд.

Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба ин мусобиқа мураббии варзидаи дзюдо Владимир Елчанинов ва шогирдаш Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекинро, ба ҳайси меҳмонони фахрӣ даъват кардаем. Умедворем, ки ин мусобиқа ба рушди дзюдо ва таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони навраси кишварҳои мухталиф мусоидат мекунад ва дар оянда аз байни онҳо устодони бузурги дзюдо, ба мисли Расул Боқиев, ба камол мерасанд."

Клуби варзишии Вастан моҳи июни соли 2010-ум бо ибтикору сарпарастии паҳлавони маъруфи тоҷик Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Файз”, таъсис ёфтааст. Он нахуст дар ноҳияи Дарвоз баъди ба истифода додани толори варзишии Вастан, ки бо маблағи ин тоҷири ҳимматбаланд сохта шуд, ба кор шурӯъ намуд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе маркази Клуби варзишии Вастан ба фаъолият оғоз кард.

Паҳлавонони навраси ин бошгоҳи варзишӣ дар мусобиқоти байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи соли гузашта аз 9 вазн дар 6-тоаш паҳлавонони тоҷик ва дар 3 вазн меҳмонон - гуштигирони навраси Қирғизистон, Озарбойҷон ва Русия - ҷойҳои аввалро соҳиб гаштанд.

Варзишгарони тоҷик аз ҳама бештар - 6 медали тилло, 7 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ - гирифтанд. Гуштигирони Озарбойҷон як медали тилло ва 2 медали нуқра, Қирғизистон як медали тилло ва як нуқра, Русия як медали тилло ва як биринҷӣ, Беларус ва Узбакистон яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG