Пайвандҳои дастрасӣ

Путин. Туркия то ҳол аз мо маъзарат нахостааст


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфт, ба назар мерасад, ки раҳбарони Туркия дидаву дониста робитаҳои дуҷонибаро вориди бунбаст мекунанд. Путин дар як маросим дар Кремл рӯзи 26 ноябр изҳор намуд, ки Туркия барои сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Русия маъзарат нахоста ва пешниҳоди ҷуброн ҳам накардааст.

Ҳавопаймои СУ-24-и Русия рӯзи 24 ноябр дар ҳоле ҳадафи мушаки ҳавопаймои туркӣ қарор гирифт, ки, ба иддаои Анкара, дар ҳарими ҳавоии Туркия буд. Яке аз халабонҳо ба ҳалокат расид.

Русия мегӯяд, ки туркҳо ҳавопаймои русиро дар ҳарими ҳавои Сурия нобуд кардаанд. Аммо Анкара рӯзи 26 ноябр сабтеро нашр кард, ки дар он халабонҳои турк аз ҳавопаймои СУ-24 батакрор талаб мекунанд, ки ҳарими ҳавоии Туркияро тарк намояд.

Владимир Путин гуфт, Маскав интизори аз сӯи Анкара муҷозот шудани гунаҳкорон ин, ба гуфтаи ӯ, “ҷиноят” аст. Сарвари Русия афзуд, зуҳури гурӯҳи “Давлати исломӣ” – натиҷаи фориғболии баъзе кишварҳо ва ҳамкории мустақимашон бо терроризм аст.

Аз ин пеш нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, бо такя ба манбааш дар вазорати дифоъ хабар дод, ки Русия ба Сурия боз 10-12 ҳавопаймои ҷангии Су-27 ва Су-30 мефиристад. Қарор аст, ки онҳо ҳангоми амалиёт ҳар яке аз 24 ҳавопаймои бомбаандозро ҳамроҳӣ кунанд.

Амалиёти Русия дар Сурия рӯзи 30 сентябри соли равон шурӯъ шуд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ҳадафи Маскав на нобудсозии "Давлати исломӣ", балки пуштибонӣ аз нерӯҳои содиқ ба Башор Асад аст.

XS
SM
MD
LG