Пайвандҳои дастрасӣ

Шашмиллионумин сокини Қирғизистон ба дунё омад


Шаҳрванди шашмиллионуми Қирғизистон духтарчаест, ки дар шаҳри Ӯш дар хонаводаи низомӣ Алмаз Кожошев таваллуд шудааст. Вазъи модари тифл – Роҳат Белекова хуб аст. Вазни ин тифл 3 килову 870 грамм аст. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Темир Сариев ба президенти он кишвар Алмосбек Отамбоев хабар дод.

Отамбоев волидайни тифлро табрик гуфта ва ба фарзанди онҳо сиҳатӣ ва умри тӯлонӣ орзу кард. Президент гуфт, таваллуди ин тифл барои ҳамаи сокинони кишвараш мояи хурсандист.

Оматбоев ба ҳукуматаш дастур дод, ки барои хонаводаи тифл манзили нав муҳайё созанд. Вай ҳамчунин дастур дод, ки барои шаҳрванди шашмиллионуми Қирғизистон бо сармояи 1 миллион сом – баробар ба 100 ҳазор сомонӣ суратҳисоби бонкӣ боз шавад. Президент ба ҳукумат гуфтааст, ба 10 тифли дигаре, ки ҳамзамон бо сокини шашмиллионуми Қирғизистон таваллуд шудаанд, 100 ҳазор сом – муодили 10 ҳазор сомонӣ туҳфа карда шавад.

XS
SM
MD
LG