Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон мегӯяд, ки кишвараш бояд ба Эътилофи байнулмилалӣ зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шавад. Ӯ дар посух ба як дархости парлумони Бритониё рӯзи 26 ноябр навишт, "Бритониё дар бораи таъмини амнияташ бо дигар кишварҳо қарордод набастааст".

Интизор меравад, ки парлумони Бритониё дар мавриди ҳамроҳ шудан ба Эътилоф ба хотири зарба ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ҳафтаи оянда тасмим бигирад.

Ба гуфтаи Кемерон, ширкати кишвар дар мубориза бо ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” таҳдидҳо ба Бритониёро камтар хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол ҳизби кор, ҳизби мухолифи ҳукумати Бритониё, ҳам ба вакилонаш дар парлумон тавсия додааст, ки аз пешниҳоди Кэмерон барои пайвастан ба Эътилофи зидди “Давлати исломӣ” пуштибонӣ кунанд. Ҳарчанд, тавре намояндаи ҳизб Ҷон Макдонелл дар сӯҳбат бо хабарнигори телевизиони Бритониё иқрор кард, ӯ ба ҳама гуна ширкати Бритониё дар амалиётҳо дар Ховари Миёна бо назари шубҳа менигарад. Амалиёт дар Ироқ барои мо як сабақ аст, афзудааст сиёсатмадор.

Дэвид Кэмерон рӯзи 23 ноябр ба Фаронса иҷоза дод, ки аз пойгоҳи низомии Бритониё дар Қибрис барои зарбаҳо ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” истифода кунад.

XS
SM
MD
LG