Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ боз як бонки хурдро барҳам дод


Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 26 ноябр аз қатъи фаъолияти боз як ташкилоти хурди қарздиҳӣ хабар дод. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Бонки миллӣ, раёсати ин ниҳод бо қароре рӯзи 25 ноябр фаъолияти ҶСП ТАҚХ “Буроқ-1”-ро “бо дархости он оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ” қатъ кардааст. Бино ба ин манбаъ, “чун дигар ташкилотҳои қарзии чанде пеш аз фаъолият бозмонда, сатҳи миёнаравии молиявии ТАҚХ “Буроқ-1 “ низ дар бозори молиявии ҷумҳурӣ тайи чанд моҳи охир коҳиш ёфта буд.” Як ҳафта қабл Бонки миллии Тоҷикистон, ки масъулияти танзими бозори бонкии ин кишварро бар ӯҳда дорад, аз қатъи фаъолияти 7 ташкилоти хурди қарзии дигар хабар дода буд. Феълан дар Тоҷикистон 17 бонк ва 41 ташкилоти хурди қарздиҳӣ фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG