Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 нафар дар суқути чархболи Ми-8


Дар вилояти Красноярски Русия бар асари суқути чархболи мусофирбар 15 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора додситонии нақлиёти минтақа рӯзи 26 ноябр хабар дод. Наҷотбахшон даҳ мусофирро, ки ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд, ба бемористон интиқол доданд. Як нафар то ҳанӯз беному нишон аст.

Чархболи Ми-8, ки ба ширкати "Турухан" тааллуқ дошт ва аз шаҳри Игарка ба як истгоҳи истихроҷи нафт парвоз мекард, ба руди Енисей сарозер шудааст.

Дар чархбол 22 мусофир, эҳтимолан, кормандони истгоҳи истихроҷи нафр ва чаҳор халабон ҳузур доштанд. Мутахассисон ҳадс мезананд, ки чархбол шояд бар асари мушкили фаннӣ ё иштибоҳи халабонҳо дар вазъи номусоиди ҳаво суқут карда бошад. Интерфакс навиштааст, ки бино ба иттилои пешакӣ, ҳангоми парвоз баъзе аз бахшҳои системаи идораи чархбол аз кор мондаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи бандҳои нақзи қойидаҳои бехатарии харакат ва истифодаи нақлиёти ҳавоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар вилояти Красноярск 27 ноябр рӯзи мотам эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG