Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки ӯ чун ҳама амрикоиҳо аз сабти видеоии тирандозии полиси сафедпӯст сӯи ҷавони 17-солаи сиёҳпӯст музтарибу нигарон шудааст. Дар арафаи Рӯзи Шукрона, ки ҳамасола дар Амрико рӯзи 26 ноябр қайд мешавад, Барак Обама дар саҳифааш дар Фейсбук аз амрикоиҳо хост, то дар андешаву ниёишҳояшон ёди афроди бар асари фоҷиа даргузаштаро гиромӣ доранд ва аз он шукрона кунанд, ки бештари мардону занону либоси полис ба тан вазифаи худро бошарафона иҷро мекунанд.

Мақомоти тафтишотӣ сабти тирандозиро баъди он нашр карданд, ки Ҷейсон Ван Дайки 37-сола расман дар куштори ҷавони сиёҳпӯст Лакуан Макдоналд айбдор шуд. Ин куштор, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Чикаго рӯй дод ва чанд ҳодисаи дигари хушунати полис дар баробари сиёҳпӯстҳо боиси эътирозҳои густурда дар шаҳрҳои гуногуни Амрико шуданд. Баъзе аз ин намоишҳо ба бенизомӣ печиданд.

Рӯзи сешанбе баъд аз нашри сабти видеоии қатли Лакуан Макдоналд садҳо нафар дар Чикаго алайҳи хушунат аз тарафи полис эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG