Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Машқҳои низомии чархболҳои пойгоҳи 201


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Чархболҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон шеваҳои ҳамлаҳои зидди тӯпхонаҳоро тармин кардаанд. Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии артиши Русия гуфтааст, ба далели релефи кӯҳистони Помир чархболҳо дар баландии ҳамагӣ 30 метр ва бо суръати 250 километр дар як соат парвоз кардаанд. Вале ин, ба гуфтаи Рошупкин “имкон медиҳад нирӯҳои ҳавоии артиш дар шароити кӯҳистон ба таври муассир истифода шуда, ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуние, ки маҷтамаъҳои сайёри мушакӣ дар ихтиёр доранд, муқовимат кунанд.” Пойгоҳи 201-ум бо тақирбан 6000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Тоҷикистон дар соли 2012 замони будубоши ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид кард.

XS
SM
MD
LG